Saturday, December 19, 2009

Шиква аз замона



Ало ай ҷавонони бедордил

Кунун сар буланд кун зи обу зи гил

Кунун вақти бар по шудан даррасид

Бубояд  ки гулҳои уммед чид.

Ватан аз ману ту бувад пойдор

Чаро пас насозем ба ин ибтикор

Чаро ай ҷавонон ҷудои кунем

Барои ватан бевафои кунем.

Аз инҷову онҷои будан магу

Зи ваҳдат, зи пайвстагиҳо бигу

Хамушиву беэьтинои дигар

Бирафту биомад кунун болу пар.

Кунун бояд аз дасти ин золимон

Аз ин хоҷагону аз ин муфлисон

Аз ин навкарони худобехабар

Ки худро фидо кардаанд баҳри зар

Раҳои биҷуему озодиро

Рафоқат, ҳақиқат, худоёдиро

Бубин шоирону адибони мо

Зи аслу асолат шудаанд чудо

Ҳама гашта маддоҳи болоиҳо

Ҳама гунгу куру кару бенаво

Куҷо аст Лоиқ, ки лаб во кунад

Алайҳи чунинҳо садоҳо кунад

Ба тири қалам синаҳо бишканад

Ба мардум сабоҳи сафо оварад

Куҷо аст Бозори бозорёб

Ки бедор созад ҳама аҳли хоб

Дарего, дар ин кишвари номдор

Ҳама гашта беному бешаҳриёр

Кучо аст Турсони дур аз ватан

Хамон нури чашму хамон рухи тан

Бубинад, ки фарханги бегонае

Тахочум намуда ба хар хонае

Рабуда аз эшон хам оину дин

Намуда ба эшон чунону чунин.

Ба тиру туфангу сипар омада

Ба миллат ба кишвар хатар омада

Ба расму русуму назар омада

Ба дунёи мардум зарар омада

Ало ай ҷавони ҷавонқалби ман

Биё ай далеру шуҷои миҳан

Биё инқилобе ба бор оварем

Ҳама золимонро ба дор оварем

Кунун сар буланд кун аз он рахтахоб

Ба майдони хакку хакикат шитоб

Ватанро чу дида нигаҳбон шавем

Адуяш бигирему вайрон кунем

Friday, December 11, 2009

Solitude


Ман аз танҳову танҳоӣ,наметарсам, наметарсам,


Ман аз ин гуна раҳпоӣ, наметарсам, наметарсам.


Чаро тарсам зи танҳоӣ, ки танҳоӣ маро ёр аст,


Ман аз бо ёр худсозӣ, наметарсам, наметарсам.


Ҳазорон моҳ шуд хуршед, ҳазорон ахтарон бирбуд,


Аз ин беахтару моҳӣ, наметарсам, наметарсам.


Чаро тарсам зи танҳоӣ, ки Яздон худ бувад танҳо,


Аз ин дуру парешонӣ, наметарсам, наметарсам.


Маро биме зи рафтан нест, биё наздам агар хоҳӣ,


Ки ман аз ҷонфидосозӣ, наметарсам, наметарсам.

Monday, December 7, 2009

Аз чӣ...

Аз чӣ ҳар дам мезанӣ бар шиша санг?

Аз чӣ ҳардам дил ҳамеори ба танг?

Эй кӣ аз мо бевафоӣ пеша нест,

Аз чӣ ҳар дам мекуни бо мо ту ҷанг?

Кардаӣ берангу бебу зиндагӣ,

Аз чӣ ҳар дам менамоӣ ранг ба ранг?

Пар бизад аз сина мурғи эьтимод,

Аз чӣ ронияш ту бo тиру туфанг?

Рав бикун матрук инҷову намон

Пас бигу бе шакку тардиду диранг.!

Он касе к-у аз хирад бегона аст,

Пеши у фарқе набошад баргу нанг.!

Tuesday, November 24, 2009

Гули сури



Чун ғунча бикун лаб во, эй гул ту гули сурӣ,

Баҳри чу мане шайдо,эй гул ту гули сурӣ.

Дар гулшану гулзорон, дар боғу чаманзорон,

Чун ту набувад пайдо, эй гул ту гули сурӣ.

Маҳ чеҳра бипушонид, кавкаб ба замин афтид,

Аз равшании симо, эй гул ту гули сурӣ.

Булбул зи наво хомуш, савсан к-у бирафт аз хуш,

Аз шеваю аз ово, эй гул ту гули сурӣ.

Чун дида гарон асти, дар сина ниҳон астӣ,

Ҷонам ба фидо бодо эй гул ту гули сурӣ.

                                  

Thursday, November 19, 2009

Таманно



Дар бахористони даврон бехазон бинам туро

Бигзарад дунёи фони човидон бинам туро

Ман набигзорам ки осебе расад бар чони ту

Дар миёни чумла офтхо амон бинам туро

Як шабе боз о сари болини ин бемори ишк 

То сари болини дардам мехрубон бинам туро

Офтоби хусни ту бошад дурахшону мунир

Партавафшон дар канори осмон бинам туро



 

Tuesday, November 17, 2009

Ман аз ин харзагуихо...


Ман аз ин харзагуихо,

Аз ин танхоибуданхо,

Аз ин бохамчудоихо,

Аз ин бемехриву беишкиву бекасбуданхо,

 Хаставу дилпораву афсурдаам

Ман аз ин худпарастихо

Аз ин агёрбозихо

Аз ин бегонагиву душманиву кинатузихо

 Дилфигору дидаобу хастаам. 

Ман аз ин носипосихо 

Аз ин беэьтиноихо

Аз ин ноошноиву аз ин носозгорихо

 Сокит андар гушае биншастаам

Ман аз ин дустбозихо

Аз ин якдидадиданхо

Аз ин тарсуву буздилхову бединхо

 Синапурандуху дилбишкастаам.

Ман аз ин пастфитратхо

Аз ин бемехру шавкатхо

Аз ин вайронасиратхо

Аз ин бедину беимону бадхухо

 Хаставу танхо чудо биншастаам.

Saturday, November 14, 2009

Ту мехри фурузони



Ту атри бахорони ман навдаи бечонат

Ту мехри фурузони ман зарраи домонат

Ту чодари эхроми ман чашмаи симобат

Ту чашмаи чушони ман хоки биёбонат

Эй ахтари тобанда ту шохиву ман банда,

Хар чи ки ту фармои ман бандаи фармонат

Ту накхати гулхои ман лолаи хушкида

Ту шабнами дилхoи ман булбули хичронат

Дар халкаи махруён эй подшахи хубон

Ту шуьлаи тобони ман бедили чашмонат

Дар тирагии хона эй дилбари чонона,

Ту мохи шабистони ман оташи сузонат

Эй дилбари хушгуфтор то хобиву ман бедор

Ту субхи бахорони, ман шоми чу зулфонат

Thursday, November 12, 2009

Оханги дил


Имшаб барои хотири оханги калби худ

Сар бар суроги хонаи махтоб мезанам

Ман дар хузури тифлаки хобидаи чахон

Дар гуши тори шаб сухани хоб мезанам

Чоми шароб медихадам дасти масти шаб

Ман бар хилофи бода рахи об мезанам

Дар ин сукути бекасии ин шаби сиях

Бо У хадиси ишк зи хар боб мезанам

Дорам умеду лутф зи даргохи бениёз

Ман ин сари хамида ба мехроб мезанам

Имшаб барои хотири оханги калби худ

Ман киштии мурод ба гирдоб мезанам

Мурги сапеда бонг занад аз вуруди субх

Ман дасти хеш суи майи ноб мезанам.

Wednesday, November 11, 2009

Дар чашми ишк..




Дар чашми ишку ошик агёру ёр бо хам

Дар бустони дилхо гулхову хор бо хам

Шоху гадо баробар ин аст хукми ошик

Дар фасли зиндагони дай бо бахор бо хам

Бар гуши масти ошик хар нола хуш физояд

Дар холи шуру масти зогу хазор бо хам

Дил масту дида шайдо бегушу бесухан у

З-ин холати чунуни аклу хумор бо хам

Бахри висол гарчи гирдобхо занад пеш

Дар чашми ишки бебок дарёву нор бо хам.


Monday, November 9, 2009

Газал


Чун чохи Бежан ин дам торику тор бошад

Ташти кабуд гуи зулфи нигор бошад

Абруи шохи магриб бо чумлаи кавокиб

В-ин дил ба суи фардо бо чашми чор бошад.

Чун ошикони бедил махмури бодаи гам

Танхо наям шабона , гам чои ёр бошад

То кай равон бад ин сон дарёи зиндагони,

Андешае бифармо шояд, ки кор бошад.

Бе ту чи сон занам даст, бе ту хаме кашам ох,

Мурги дилам ба ёдат лайлу нахор бошад.





Thursday, November 5, 2009

Бо ёди ту




Бахудо чуз гами ишки ту маро ёре нест

Гайри ёди ту маро шому сахар коре нест

Санамо дидаи бедор бувад чумла шабам,

Зи фироки ту маро лахзае хушёре нест

Сухтаи оташи ишки ту бувад ин дили зор

Кас чунин сухтадил гайри мани зоре нест

Гуиё пайкари ман з-олами ишк аст мунир

К-андар он чуз гаму андуху алам боре нест.

Чумла шаб акси туро дида бинолам чун бод

Ки маро гайри гаму ёди ту дилдоре нест

Имшаб ай дуст ба кошононаи ман гарм биё

Кас чу ман гамзадаву хаставу беморе нест

Ин ду-се руз ганимат шумуру ташриф ор,

Хамчу ман содику шайдову вафодоре нест

Дилбаро хеч бидони ки чи хол аст маро?

Худ биё эй ки маро гайри ту дидоре нест.

Wednesday, November 4, 2009

Дар интизори нур



Ало кавокиби фалак

Назар чи мекунед ба ман

Хазину зору хастаам

Зи панчатобихои гам

Дар ин сукути вахмчо

Чу кучахо тихи зи кас

Чу шохахо тихи зи барг

Нишаста назди панчара

Лакпоту ланчу бефара

Палагдаам, шикастаам

Зи ак-аки сагони дех

Дилам гирифтаву хазин

Дар интизори субхи нур

Чу бори гусса бар чабин

Харири тира бастаам

Ало кавокиби фалак 

Зи нури сардатон чи суд?

Ба нури гарм рах дихед

Ба нури гарми офтоб

Ки дил ба мехр-ш бастаам

Monday, November 2, 2009

БЕХУДИ


Осмон имшаб бидуни ахтар аст

Абрхои тира дар бому дар аст.

Деви зулмат бо ду дасти симсиёх

Мехмони ин чахони бебар аст.

Бод кахру бесухан бо шохахо

Булбулон хомушу гунгу бенаво

Накхат аз пирохани гул дур шуд

Дидаи бинои олам кур шуд.

Дар чунин як холати сардусиёх

Мезанад сар навнихоли ашку ох.

Гуссаи у дидаро гирён кунад

Хандаро бо дасти гам зиндон кунад.

Нолаи у аз барои лона на

Шиква аз агёру аз бегона на.

Кас суоле доду гуфт у кист худ?

К-аз барои хеш менолад чу уд?

Кист у чун най шикоят мекунад?

В-аз барои худ хикоят мекунад?

Ногах овозе аз у омад чунон

Барк зад якбора калби осмон.

"Ман чунон мастам бидуни чому май

К-аз худии хеш менолам чу най.

З-он нафас чун бохудам,бегонаам,

В-он нафас чун бехудам,чононаам.

З-он нафас чун бохудам,хору хасам,

В-он нафас чун бехудам,ман як касам.

Он нафас чун бохудам,худ- худ худист,

В-он нафас чун бехудам,пайвастагист.

Зиндаги бо ин хама худгуихо

Бо хама ин гафлату бадгуихо

Мекашад моро ба суи Инкилоб,

Суи аслу решахои Офтоб.

Суи махтобу кавокиб,осмон

Суи руду бахру дарёи равон.

Пас биё,эй хамнафас бо ман бирав!

Ман тани танахояму хамрох шав!! 

Saturday, October 31, 2009

Розхои шабхангом


Эй вой ману даврон!

Донишчу шуд овора
Аз хотири як пора
Аз гиряи бечора
Эй вой ману даврон

Донишчуи бедониш
Аз хотири як санчиш
Дорад ба забон хохиш 
Эй вой ману даврон

Устоду профессор
Дорад талаби асьор
Донишчу дихад ночор
Эй вой ману даврон 

Донишчуи дипломдор
Имруз бичуяд кор
Дар кучаву дар бозор
Эй вой ману даврон

Хар кас шуда устоде
З-ин ру хама кас шоде
Афсус ки барбоде
Эй вой ману даврон

Нисбат ба дигар кишвар
Дороии мо бештар
Мо мехтару мо бехтар!
Эй вой ману даврон

На тартибу на конун
На дохилу на берун
На мантику на мазмун
Эй вой ману даврон

Харчанд ки мехонем
Як нукта намедонем
Борон наву навдонем
Эй вой ману даврон

Панчум ки шудем аз мо
Касро набувад парво
Ин "конун"-и Донишгох
Эй вой ману даврон

Оянда-чавононем
Шармандаи давронем
Гунгу кару куронем
Эй вой ману даврон

Донишчуи донишхар
Бо русиву бо доллар
Кораш хама симу зар
Эй вой ману даврон

Маршуткаву автобус
Якбора шуд осмонбус
Донишчу хурад афсус,
Эй вой ману даврон 

Газ неву чарог хомуш
Чун манзилакони муш
Гах бехуду гах бехуш
Эй вой ману даврон

Чун пахта ки хаст тилло
Н-ояд дираме бар мо
Мо бехабар аз савдо
Эй вой ману даврон

Аз пачтачини мардум
Шуд -зоши палав махрум
Танхо ролтону гандум
Эй вой ману даврон

Буйи бади бошишгох
Бехуш кунад моро
Донишчу бигуяд ох!!
Эй вой ману даврон

Аз хотири як ЭНБЕ
Касро набувад фарке
Охир бишавад "пул те!"
Эй вой ману даврон

Аз омадани ректор
Каблан бидиханд хушдор
Охир магар ин шуд кор
Эй вой ману даврон

Аз хонаи "как" яхдон
Хобам набарад осон
Шаб то ба сахар "газчон"
Эй вой ману даврон

На барки сиях дорем 
На газ ки ба он зорем
Пас мо ба ки даркорем?
Эй вой ману даврон

Аз нарху навои нор
Аз киматии бозор
Аз зиндагии душвор
Эй вой ману даврон

Аз сардии манзилхо 
Бешавкатии дилхо
Беобиву мушкилхо
Эй вой ману даврон

Сангтуда чу шуд огоз
Бикшод дари парвоз
Бебарки биомад боз
Эй вой ману даврон

Точикгази бемоя
Шуд толиби хамсоя
"УЗГАЗ"-ой бигуфт "доля!"
Эй вой ману даврон

Аз Нораку аз Рогун
Хастем хама дилхун
Эй шамь машав хайрун
Эй вой ману даврон

Аз дасти чунин сарди 
Кисме бишуданд банди
Ё раб ту чи ко карди?
Эй вой ману даврон

Хуршеди мунр боз о
Дар чониби мо кун во
Охир бишунав ин ох!
Эй вой ману даврон

Зин зиндагии вазнин 
Мо оханину сангин
Хам собиру ботамкин
Эй вой ману даврон

Таззод


Бе ту будан будани нобудан аст

Бо ту будан зиндаги худ будан аст

Бе ту будан зиндаги дашти кавир

Бо ту будан зиндаги шуд дилпазир

Бе ту будан кучахо холиву сард

Дидахо борониву дил пур зи дард

Бе ту будан хор гардад настаран

Гул хазон гардад чу шуд дур аз чаман

Зиндаги тунд асту талху шуру сард

Чун набоши дар канорам эй хабиб

Зиндаги дард асту кахр асту набард

Чун набоши дар канорам эй табиб

Пас биё хамболу хампарвоз шав

Хамдилу хамкисмату хамроз шав

Пас биё бо ман бимон эй хамнафас

Чуз висоли ту надорам хеч хавас

Пас биё то буданат будан шавад

То ки ин байтулхазан гулшан шавад

Пас биё эй Юсуфи дур аз назар

Дидаи Яькубро кун шуьлавар

То нафас бокист курбонат шавам

Ман фидои рую чашмонат шавам

Дил хамехохад ки огушат кунам

Хар нафас «бо буса гулпуш»-ат кунам

Ох дурият маро ранчур кард

Дидагонамро хаме бенур кард

Нукта бигзор ин чудоиро дигар

То ба кай чашмони тар дузам ба дар

Дилпорахо

Фарёд макун, ки нест фарёдрасе
З-ин дахр зи хамдигар напурсанд касе.
Бехудафигон макун, ки гунг аст хама
Хомуш,бимон дило, ки наб-вад чарасе.


То кай гами дил хурему афгор шавем?
Бар доми гуруснаги гирифтор шавем?
Ай кавми ба гафлатзадаи овора
Вакт аст дар ин замона бедор шавем.

Ба суи осмон кардам назора,
Ба суи ман бизад чашмак ситора
Шунидам ошике бо суз мегуфт
"Дилам аз зиндаги шуд пора-пора"

Шаби тору фалак пур аз ситора
Ба руди зиндаги дорам назора.
Ба хотир мерасад аёми тифли
Дилам он лахзахо хохад дубора.

Ба дарё бингарам дарё равон аст,
Хаёти одами хамрохи он аст,
Ман аз дунёи фони меравам,лек
Маро ин порадилхоям нишон аст.

Зи дасти зиндаги нолонам имашаб,
Чу абри осмон гирёнам имшаб.
Намебинам касеро дар муруват
Фаромуши хама ёронам имшаб.


Зи афлоки долам истораи ишк
Ба сардии вучудам шуьла пошад.
Маро дар чоддахои танги хасти,
Хамин ишку мухаббат ёр бошад.

Фалак пур аз кавокиб бод имшаб
Дилам дорад зи гам фарёд имшаб.
"Сабури пеша кун ай фарди окил,"
Ба гушам мерасад аз бод имшаб.

Хама дар хобу дил бедор имшаб,
Хама дра айшу дил дар кор имшаб.
Хама чамьу валекин дар утоке,
Дили бечора бо гам ёр имшаб.

Ачаб рузи фарах дорем имшаб,
Гулеро мо харидорем имшаб.
Биё соки шароби айш нушем,
Ки мо дар пахлууи ёрем имшаб.

Мохи бе дарё надорад хастие,
Решаро мавчудият хок асту об.
Гайри имкон аст беишк зиндаги,
Сард биномояд чахон беофтоб.

Абри сиях хоки зи борон бувад,
Гиря нишонае зи армон бувад.
Ханда бувад хосили хар захмате.
Зиндаги беишк парешон бувад.

Итминон дорам ба фардои Ватан
Точикистон хам гулафшон мешавад.
Дар дили пахновари афлоки дахр,
Точикистон шамси тобон мешавад.

Дар кишвари дил ишк бувад султонам,
Машьал ба шаби тор бувад имонам.
Ёрон чу равам ба водии хомушон,
Худ мераваму зи худ нишон мемонам.

Шабе акси туро дидам зи руьё
Чамоли хусни ту мезад табассум.
Ба гушам ногахон номад садое,
Дарего мисли соя кардамат гум.

Аз шароби ишк мастему хароб,
Аз фироки ёр месузем чу шамь
Ай гули сури ба ёдат хар шабе,
Хотири мо гах парешон гох чамь.

Чунон аз бодаи ишки ту мастам,
Ки аз ёру рафикон чумла растам.
Ба он тири нигохи дилфиребат,
Ту гуи худ наям мафтун хастам.

Ин нома аз он аст, ки гам ёраш бод,
Пайваста хаёли ишки ту кораш бод.
Аз оташи ишки ту чунон месузад,
В-аз хачри ту андуху алам бораш бод.

Зиндагият бегаму масрур бод,
Душманат дар зиндаги ранчур бод.
Ман дуо гуям,илохо човидон.
Ахтари икболи ту пурнур бод.

Хама рузат бахори човидон бод,
Дилат пайваста калби ошикон бод.
Зи даргохи худо хохам равонат,
Ки то рузи киёмат дар амон бод.

З-он май кадахе бидех соки,
То гам зи дили хазин барояд.
Баргуй ба мутриби хушово
То бахри навозишам сарояд.

То чанд намои хидмати бебасарон?
Таьзим манех ба пои он аблахиён.
Охир нафасе ба сурати хеш нигар.
Бедор шаву дур шав аз бехабарон

Яке аз дасти дигар нола дорад,
Яке андухи чандсадсола дорад.
Яке дорад шикоят аз замона,
Дигар ашке ба миски жола дорад.

Фуру резад зи абри тира борон,
Ту гуи осмон мотам гирифта.
Ба чумла дардхои бекасияш
Зане дар гушае танхо нишаста.

Бо ахли хирад сухан чу тифлона кунам.
Бо хеши "худи" сухбати бегона кунам.
Ман рохи хакикат аз хато мечуям,
Бо майзадагон сухан зи паймона кунам.

Биё ай ишк холи кун вучудам,
Аз ин мафхумхои худпарасти.
Биё зан хешро чои худихо
Хидоят кун маро бо хакпарасти.

Чунон гаштем рах к-аз хеш рафтем,
Магар як заррае хам пеш рафтем?
Биё гардем бар суи асолат,
Кариб аз мазхабу аз кеш рафтем.

Туро гах шоду гах масрур бинам
Гахе гамгину гах ранчур бинам.
Гахе орому сокит хамчу тифле,
Гахе чун мавчхо пуршур бинам.

Фалакро дил бувад хуршеди тобон,
Маро хуршед бошад ишку имон,
Зи дасти зиндаги боке надорам,
Маро хасти бувад хорир аз эшон.

Гузашту рафт айёми карахти.
Кунун омад замони сохтанхо.
Ханузам гофили андар чахолат,
Зафар кун аз барои бохтанхо.

То ба кай гирем фанди рахбарон!
То ба кай хомушу лолу безабон.
Вакти он омад ки бардорем гом,
Бар алайхи чумла бепову сарон.

Харгиз назаре ба худпарастон накунам,
Ё худ сафаре ба пулпарастон накунам.
Гар соили рах хисобадам лоики худ,
Бечуну чаро шикояти он накунам.

Бархез, ки оламе дигар соз кунем,
Занчир бубастаи забон боз кунем.
Бо болу пари мурги хакикат акнун,
Парвоз кунему умр огоз кунем.

Нолидани мо далели хомушии мо,
Аз хеш гузаштаву фаромушии мо.
Бо хуфтадили чу умри мо мегузарад,
Ин мушкилихо бувад зи бегушии мо

Зи калби бекарорам ёд кун,ёд
Зи шоми рузгорам ёд кун,ёд.
Чу рузе пур шавад паймонаи умр,
Зи поизу бахорам ёд кун,ёд.

Чи шаб имшаб намеояд хобам!?
Ки дарди бекаси бахшад азобам.
Дар ин як гушаи танхову хилват.
Нигохе дар суроги мохтобам.

Аз чи ин мальуну ин матрудхо?
Аз чи ин солусиву мардудхо?
Гар бувад дунёи одам инхунин,
Аз чи пас ин маргу ин мавлудхо?

Чудо аз хешу аз ёрон то кай!
Хиёнат,фанди номардон то кай?
Равад бо сархамихо умри одам,
Худоё гила аз даврон то кай?

Хама саргаштаи як бурда нонем.
Гахе афтодаву гохе давонем.
Дар ин дунёи дун чун руди Сайхун
Равонему равонему равонем.

Яке гум карда рохи хештанро
Яке нафрат намояд зистанро
Яке гашта тихиогушу очиз,
Ки ронда аз назар фарзанду занро.

Ин шердилон ба хоби харгуш
Афтодаву гаштаанд бехуш.
Ё хоби ачал рабуда эшон.
Ё пунба ниходаанд бар гуш.

Чаро якдил,чаро яктан набошем?
Чаро яксон зи як Механ набошем?
Чаро бо додари худ дар набардем?
Чаро бо дигарон душман набошем?