Дафтари Зулолҳо

 Биё
Эй чони ман, биё
Эй нур ба шабистони ман,  биё
Байтулхазони калби маро офтоби кун
Бахри дили гамин ту чу дармони ман , биё
То сар занад шукуфаи уммедхои  ман
Эй гул ба гулистони ман, биё
Борони ман, биё

Гиряи бесадо

Абр, эй абри само
Аз чи ру нолони чун боди сабо?!
Рав ба боми дигареву ашки худ инчо марез
Ту кучо дони зи холи калби мо
Гиряхои бесадо

Зулоли интизор


Дар дил андухи нигор
Мебарад хар дам зи мо сабру карор
Гарчи ёри бевафо ёде зи мо нокарда рафт
Бо умеди дидани он гулузор
Мондаам чашминтизор

Танхои

Дар шаби танхоихо
Мезанад дил даст бар савдоихо
Мефишорад халка бар дархои махтобу нучум
Мебарад маъруза аз беёдихо
Шиква аз яктоихо

Ишк
Аз дасти мо
Фигона мекунад
Зи калби тори мо
Зи кучахои бенишонихо
Фирор мекунад хаме
Ба чои у кунун
Ба руи чашм
Ашк.