Wednesday, March 31, 2010

Писари русто


Ман бачаи парваридаи дех,

Бо бурдаи нони кок серам,

Аз чумлаи мушкилоти айём,

Боке набувад, мисоли шерам.

Бас обилахои бешуморе,

Гул кард агарчй дар кафи по

Чун зодаи хоки рустоям,

Моил бувадо дилам ба сахро.


Бо кишту дарав чу умр бигзашт,

Шодам хама аз гузашти айём,

Он к-у набувад карини мехнат,

Сармозада ғураест ки хом

No comments:

Post a Comment