Monday, March 8, 2010

Дилпорахо 2


Ханчари буса мезанам бар чигари лабони ту

Субхи нишот мебарам зи согари шабони ту

Ба гармии вучуди худ дилам чу шод мекуни

Ба гайри ман ки пай барад аз он дили нихони ту

 

Бар санги лабат шишаи хар буса шикастам

Бар риштаи зулфат сари шурида бубастам

Худро ба ту бахшидаму он лахзаи хассос

Аз лаьли лабат бин ки чи сон бехуду мастам

 

Aз чашмаи хузурат шодоб мешавад дил

Дар осмони шомат махтоб мешавад дил

Як байти буса хонам дар согари лабонат

Дар бистари нигохат бехоб мешавад дил

 

Туро аз буданат нобуданат бех,

Зи хачри ишк дасте сузанат бех,

Ба кунчи олами бемехри ихлос

Аз ин будан, Худоё , мурданат бех

No comments:

Post a Comment