Saturday, January 23, 2010

Maн аз ту ёд мекунам



Чи дар аён чи дар ниҳон, ман аз ту ёд мекунам.


Чи дар баҳору хам хазон, ман аз ту ёд мекунам.


Чи гуна метавонамат туро барам зи ёдҳо,


Миёни ғайру дустон, ман аз ту ёд мекунам.


Агар зи ман чудо шави, чудо зи ёдхо шави,


В-агар рави ба Каҳкашон,ман аз ту ёд мекунам.


Маро дигар рахо макун,зи ишки худ чудо макун,


Марав, биё, бишин, бимон,ман аз ту ёд мекунам.


Бидуни буданат маро ҳавои будане мабод,


Ту ай маро ба тан чу чон, ман аз ту ёд мекунам.


Дар ин чаҳони бодхо, ғаму сутуҳу ёдҳо,


Алайҳи чумла ину он, ман аз ту ёд мекунам.


Дар ин замонаи навин, ту умри ишкро бубин!,


Ба ишку меҳри човидон, ман аз ту ёд мекунам.


Туи набуду буди ман,таронаву суруди ман,


То он нафас, ки ҳаст чон, ман аз ту ёд мекунам.

No comments:

Post a Comment